Тақдими сертификатҳо дар Академияи ВАО
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба шунавандагони машғулияти омӯзишӣ барои журналистони соҳаи сиёсӣ сертификат супорида шуд.
Тавре ки иттилоъ дода будем, машғулиятҳои омӯзишӣ барои журналистони соҳаи сиёсии шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ, аз 10-уми январ оғоз гардида, ду ҳафта гузаронида шуд. Мутахассисон ва коршиносони варзида Иброҳим Ахмадов ва Сафарализода Хуҷамурод давоми ин рӯзҳо муҳимтарин вазифаҳои хабарнигорони соҳаи сиёсиро ба шунавандагон омӯзониданд.