Танзим ва пахши барномаҳо бо формати HD

Дар баланд бардоштани сатҳу сифати пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ истифодаи таҷҳизоти муосири замонавӣ нақши калидӣ дорад. Имрӯз барои дар сатҳи баланд пахш намудани намоишҳо, шабакаҳои телевизионӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла, бо формати дақиқияташ баланди – HD  пурра таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки дар истифодаи таҷҳизоти муосири замонавӣ нақши мутахассисони дорои таҷрибаи хуб, муҳим буда, маҳз мутахассис метавонад барои пешниҳоди барномаҳои диданӣ мусоидат кунад.

Бо ин мақсад, аз 25 январ то 1 феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои кормандони техникии шабакаҳои телевизионӣ машғулияти навбатии омӯзишӣ дар мавзуи «Танзим ва  пахши  барномаҳо  бо  формати HD» баргузор гардид, ки дар он 11 нафар корманди шабакаҳои телевизионӣ иштирок карданд.

Машғулияти омӯзиширо мутахассиси варзида Маъруф Оқилов гузашт. Давоми ин рӯзҳо кори амалӣ дар шакли сабти маводҳои видеоӣ, танзими дуруст ва пахши барномаҳо бо формати HD доир гардид.

Ба шунавандагони фаъол сертификат дода шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.