СУЛҲ – ИБТИДОИ КОР, ВАҲДАТ – ДАВОМИ ОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ТВ мардумро ба рӯзи Ваҳдат табрик намуд.

Дар партави суханронии Ҷаноби Олӣ гуфтанием: Сулҳ ин ниҳоле буд, ки онро шинонидем. Барои ин ниҳолро тарбият кардану пурсамар ё борвар намудан онро аз боди ҳаводис, ҳуҷумҳои хоинону аҷнабиён муҳофизат кардан саъю талошҳо ва солҳо лозим буданд. Баъзеҳо ақидаи рӯзи аввал – 27 июнро пеш оварда, заҳматҳои минбаъдаро нодида мегиранд. Сулҳ ин ҷо ибтидои кор аст, аммо Ваҳдату ягонагӣ давоми кор. Ин 2 -ро фарқ бояд кард. Бисёриҳо тарафи муқобилро дар рӯзи аввал ҳақдор карда, мехоҳанд саҳми эшонро дар Ваҳдати миллӣ ҳам назаррас нишон диҳанд. Ҳол он ки Ваҳдат тамоман чизи дигар аст. Он заҳмати давомдору мутаассил аст. Он танҳо оштӣ бастан нест. Тамоми дастовардҳои минбаъда, мисли тағйирот ба Сарқонун, арзиши олӣ доштани инсон, ташкили парламенти касбӣ, эҳёи пули миллии Сомонӣ, Сохмонҳои азим мисли нақбҳо, НОБ-и Роғун аа ғ. Муҳимтар аз ҳама душманон 4-5 маротиба хостанд ин оромиву Ваҳдатро халалдор кунанд ва ҳар дафъа мақомоти олии кишвар – Амният, ВКД, Мудофиа дар якҷоягӣ ин тазоҳуроти дохиливу хориҷиро рафъ карда тавонистанд. Маҳз ана ҳамин ҳодисаҳои минбаъда баҳри тарбияву рушди ниҳоли Ваҳдат саҳми тарафи муқобилро камранг кард ва нишон дод, ки эшон на танҳо Ваҳдатро намехоҳанд, балки бо пеш овардани сабабҳои ҷузъӣ мехоҳанд ин ниҳоли ҷавонро решакан кунанд. Акнун чӣ мехоҳанд? Боз мехоҳанд, ки дар истиқрори Ваҳдат боз эшонро ҳақдору саҳмдор кунанд? Номаъқул кардед! Ҷав коридӣ, ҷав мегирӣ, гандум коридӣ, гандум!

Аз рӯзи 27 июни соли 97-ум 25 сол гузашт. Дар ин 25 сол Асосгузори Сулҳу ваҳдат чӣ қадар заҳматҳо кашиданд, ҳама шоҳид аст. То ба ин ҳад расонидани Ваҳдат хидматҳои шоёни Сарвари Давлат ва мақомоти олии кишвар аст. Илтимос, касе, ки дар ин росто на танҳо иштирок накардаст, балки халал расонидааст, ҳамроҳаш накунед, ки дараҷаи олии беинсофист! Ваҳдат кори якрӯзаву чандсола нест, он суботу оромии доимӣ, рушди босуръат, 5-солаи саноатикунонии мамлакат ва боварӣ ба имрӯзу фардо аст. То вақте Эмомалӣ Раҳмон аст, ин Ваҳдат ҳаст, баъди ин Худо медонад, ки чӣ гап мешавад, оянда дар дасти Худост, Пешвои миллат низ ин доди Худост, ки аз он сипосгузорем. Ваҳдати миллат бо Эмомалӣ Раҳмон ва Командаи сулҳовару ваҳдатпарвари Ӯ – мақомоти олӣ, вазоратҳову кумитаҳо муборакамон бод!

Зи ваҳдат бар сарам нур мефишонӣ,

Зиё аз сӯи Раҳмонат писанд аст.

(Н.Шодӣ)

Саъдӣ Маҳдӣ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.