БО ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СММ ҚАТЪНОМАИ СОЛИ 2025 “СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” – РО ҚАБУЛ КАРД

14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77 –уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – ро бо иттифоқи оро қабул кард. Ин қатънома бо ташаббус ва пешбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ қабул гардид. Қатъномаи мазкур яке аз қатъномаҳои нодир ба шумор меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки  моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряҳо, ки ба омилҳои афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, аз оқибатҳои манфии он изҳори нигаронӣ намуда буданд. Бо дарназардошти ин Пешвои миллат пешниҳод намуда буданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.