САФАРИ ҲАЙАТИ КОРИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Аз 12 то 16 октябр ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси он Олимҷон Усаров меҳмони Тоҷикистон гардиданд. Дар ин сафар журналистони ӯзбек аз вилояти Суғд ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода, Нораку Данғара ва Панҷакент дидан карда, аз дастовардҳои кишварҳои мо дар солҳои истиқлоли давлатӣ ошно гардиданд.

Дар идомаи сафар рӯзи 14 октябр дар толори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” журналистони ӯзбек бо ҳамкасбони худ, кормандони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои кишвар вохӯрӣ намуда, табодули андеша ва таҷриба намуданд. Дар ин нишаст директори МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” Исматзода Саъдӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ ва сармуҳаррирони “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” суханронӣ намуда, оид ба муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба миёни журналистони тоҷику ӯзбек ибрози андеша намуданд. Дар охир аз тарафи директори ТВ Синамо ва МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ин мулоқоти судманд журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.