Сафари хизматии кормандони МД “Академияи  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон

Сафари хизматии кормандони МД “Академияи  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 05 12. 2016 то 06.12. 2016  бо мақсади гузаронидани назарсанҷӣ  миёни мардум бобати муайян намудани аудиторияи воқеъии тамошобинони барномаҳои телевизион ва нашрияҳо  буд. Барои муайян намудани шумораи воқеии тамошобинони телевизион, фаъолияти техникӣ ва эҷодии телевизиону радио ва нашрияҳо варақаҳои саволномаҳо тартиб дода шуда буд, ки теъдоди  зиёди онҳо ба шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кулоб   равона шуда буданд. Дар кучаю бозор, донишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти иҷроия ва қудратӣ мустақиман вохурда оиди назари онҳо ба барномаҳои телевизион ва нашрияҳо саволномаҳо супоридем.
 Ба ноҳияҳои Ҷайҳун,  Бохтар рафта бо кормандони шуъбаҳои маориф, фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон вохӯрда саволномаҳоро супоридем ва ҳар кадом фикри худро оиди ин шабакаҳои телевизион ва нашрияҳо байён намуданд. Дар мавриди баёни фикр нисбати телевизионҳо бештар занон ва зиёиён фаъол буданд. Ҷавонон бештар ба варзиш, барномаҳои шоу таваҷҷӯҳ доштанд. Тамошобинони куҳансол бошад бештар таваҷуҳ ба барномаҳои афкори умум, панду насиҳат ва забони барномаҳо фикри худро баён доштанд.Дар шаҳри Кулоб низ миёни донишҷуёни донишгоҳ,  мактабҳо муассисаҳои давлатӣ , мақомоти иҷроия ва қудрати саволномаҳо тақсим карда шуд. Дар назарсанҷӣ ҳар як нафар шаҳрванд фикри худро оиди фаъолияти радиою телевизион ва нашрияҳо озодона баён карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.