САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

2 июн Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.