Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати наву замонвӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, ки аз ин пас дар ин муассисаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.