САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

23 октябр асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва асос гузаштан ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари корӣ як қатор иноотҳои муҳим, аз ҷумла  Майдони нишони давлатӣ, бинои нави маркази назорати  давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ, бинои Кумитаи идораи замин, бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ифтитоҳ намуданд. Ҳамчунин пули моҳингузари роҳи байналмилалии «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» -ро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз боғи интенсивии «Бобои Шамс» дидан намуда, дар ҷашни меҳргони вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.