Сафари кории Пешвои миллат ба Турсунзода

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф»-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он  санги асос гузоштанд.

Ҳамчунин, Пешвои  миллат  Муассисаҳои  давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода» ва  “Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода”- ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави муассисаҳо дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.