САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН АЗ ОТРЯДИ САРҲАДИИ «ЁЛ» БОЗДИД БА АМАЛ ОВАРДАНД

26 май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” боздид ба амал оварданд.

Дар ҳудуди Отряди сарҳадии “Ёл” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои сарбозону афсарон, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ мавҷуд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ тамоми сарбозону афсаронро, ки ҳамчун сипари боварибахши давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯзӣ хизмати шоиста анҷом медиҳанд ва қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан ҷавонмардона иҷро мекунанд, ба “Рӯзи сарҳадбонон” табрику таҳният намуда, оид ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз ин навъи қӯшун дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки марзбонони шуҷоъу далери Ватан бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, сохти конститутсионӣ ва субботу оромии кишвар ҳамеша омодаанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.