РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ТЕМУР РАҲИМОВ ХОНА ВА БА МУЛЛОРАҶАБ ХАЛИФАЕВ 100 000 СОМОНӢ ТАҚДИМ НАМУД

Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки «Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — узви   дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шуд».

4-6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба гуштини дзюдо баргузор шуд, ки дар он аз 60 давлати ҷаҳон варзишгарон ширкат карданд.

Дар ин мусобиқа  бонуфузи сатҳи олӣ варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқра ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2023баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026» дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи пешбинишуда баргузор хоҳад шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.