Роҳбарият

Директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”

Исматов Саъдӣ Маҳдиевич 9 июли 1967 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1990), фаъолияташро ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии Кӯлоб оғоз кардааст. Солҳои 1994—1997 аспиранти ДДМТ, 1997—2001 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2001—2008 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМТ, 2008—2012 директори маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ, 2012—2016 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд. Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи марти соли 2021 декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаолият намудааст. Аз 5 -уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъин гардид.

                  Муаллифи 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, 2 маҷмўаи мақолот, 6 дастури методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2012) мебошад. Хабарнигори мардумии рўзномаи «СССР» аст. Ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм (2014) сазовор дониста шудааст.

   Осори илмӣ:
     Тоҷандар «Шоҳнома». – Душанбе: Деваштич, 2009. – 166 с. (монография); Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) – шариктаълиф Қурбонов С.). Душанбе: Эр-граф, 2010. – 150 с.;

Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ба тоҷикӣ (шарикт. Кабиров Ш., Қурбонов С.). – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 96 с;

Калимаҳои ташдиддор. (шарикт. Қурбонов С., Ҷўраева Б.) – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 60 с.

33 мақола (маҷмўаи мақолот). Душанбе:Баҳманрўд, 2011, 199 с.

Сирри рақамҳо (шарикт. Қурбонов С.). Душанбе: Баҳманрўд, 2012. – 40 с.

Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои факултаҳои физика ва риёзӣ) – шариктаълиф Қурбонов С.), Душанбе: Баҳманрўд, 2014. – 242 с.

Ормонҳои миллии ман. Душанбе: Баҳманрўд, 2015, 203 с.

Муовини директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”

Каримзода Ҳақназар ИЗАТУЛЛО – номзади илмҳои филология

7-уми январи соли 1973 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1992-1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1997-1999 ҳамчун муҳаррири Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» шурӯъ намуда, аз солҳои 1999 то соли 2009 дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири варзидаи шуъбаҳои фарҳанг ва маънавиёт, сиёсӣ, барномаҳои иттилоотӣ, идораи барномаҳои сиёсӣ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2014 бошад дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ҳамчун муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилӣ ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ифои вазифа намудааст.

Соли 2017 мавсуф дар мавзӯи “Особенности освещения социально-политических вопросов на телеканалах Таджикистана” (на примере программ “Первого канала телевидения “Таджикистана” и иформацинного канала “Джахоннамо”), “Инъикоси масоили махсусиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон” (дар мисоли барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва шабакаи хабарии “Ҷаҳоннамо”) рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Номбурда барои хизматҳои шоён бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10. 08. 2015 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст. Ҳамзамон, бо Ифтихорномаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2020 ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, инчунин чандин Ифтихорномаву Сипосномаҳои Телевизини Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳриДушанбе сарфароз гардидааст.

Аз моҳи июли соли 2015 то моҳи марти соли 2021сармуҳарририии нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт»-ро бар ухда дошт. Аз моҳи марти соли 2021 дар вазифаи муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО »-и Тоҷикистон фаъолият менамояд.

   

Шарҳҳо пӯшидаанд.