ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ВОХӮРИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ СҲШ БА ШАҲРИ САМАРҚАНДИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН САФАР КАРДАНД

15 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.