ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ДАР 5 СОЛ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ 22, 5 % КОҲИШ ЁФТ

Имрӯз 23 декабр паёми Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Маҷмаи давлатии “Кохи сомон” пешниҳод гардид. Дар оғози паём Пешвои миллат зикр намуданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар 5 соли ахир то 22, 5 дарсад коҳиш ёфта, дар тӯли ин солҳо музди меҳнат 1, 5 дарсад ва нафақа 1, 3 баробар зиёд гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави давлатӣ барои қариб 1,5 миллион хонанда сохта ва ба истифода дода шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Соли 1991 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда доштем, яъне 1 миллион хонандагон имрӯз зиёдтар шудааст. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, аз 25 ҳазор иншооте, ки дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид, 90 дарсади онро соҳибкорон бунёд намудаанд.

То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 89 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2022 зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ барои пешрафти зиндагии мардум аз будҷаи давлат равон карда шуд. Дар соли 2023 рушди иқтисодии мамлакат 8 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Соли 1991 дар Тоҷикистон 359 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият доштанд. Дар соли 2022 шумори корхонаҳои санотӣ ба 2, 5 ҳазор ва ҷойҳои корӣ ба 85 ҳазор расид.

Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар соли 23 дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расондани металҳои қиматбаҳо сохта шавад: “«Металлҳои қиматбаҳои ватанӣ то ҳаҷми се тонна дар шаҳри Душанбе бояд коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонида шуда, барои мардум ва содирот пешкаш карда шаванд» – таъкид намуданд сарвари мамлакат.

Дар маҷлисгоҳи “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” кормандон ҷамъ омада, Паёми солонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мебинанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.