Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи “Наврӯзгоҳ”–и пойтахт

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” –и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ  низ иштирок намуданд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” –и пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои устодани санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон баргузор гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.