Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимей

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.

То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.