Пешвои миллат бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд

27 декабр Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.

Пешвои миллат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангиву гуманитарро баррасӣ намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.