Пешвои миллат барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар карданд.

11 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имконияти истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

 Дар рафти мулоқот ҷонибҳо тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар зимн, ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хосса намуданд.

Дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйе мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима карданд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ карда шуд.

Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисод, тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи гуманитариву фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро муҳокима карданд.

Вобаста ба ин, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули “иқтисоди сабз” изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро ба таври хосса қайд намуданд.

Сарвари давлат ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос намуданд.

Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқро дар иншооти гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашум ва аз рӯйи партовҳои газҳои гулхонаӣ ҷойи 135-ро ишғол менамояд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути тадбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.