ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛ ГАРДИДАНИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ

Ҳамватанони азиз!

Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Дуввум ин ки,  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.

идома

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.