Дарси пардозгарӣ дар Академияи ВАО

Муассисаи давлатии “Академияи Вао-и Тоҷикистон” барои пардозгарони (грим) шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо аз 5-ум то 9-апрели соли 2021 оғоз намуд. Чунин як машғулияти тахассусӣ имрӯз дар толори китобхонаи Академияи Вао-и Тоҷикистон бо иштироки устоди варзидаи соҳаи пардозгарӣ Сайёра Ахметова доир гардид. Дар ин машғулият оид ба тозагӣ ва ҷолибияти навор дар телевизион ва кино, ки аз касби пардозгарӣ хело вобастагӣ дорад мароқи бештар зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки пардозгари телевизиону кино бояд аз илмҳои таърих, ҷуғрофия, мардумшиносӣ, қиёфашиносӣ, равоншиносӣ ва санъати театр ба куллӣ бохабар бошад. Тағйири чеҳра аз рӯи сенария вобаста ба замон, муҳит, иҷрои нақш аз пардозгар дониш ва маҳорати хосаро талаб мекунад. Ҳамзамон донистани ороиши мӯй, чеҳра, ҳамоҳангӣ бо либос, ранг вобаста ба талаботи мавзӯъ зарур аст, илова намуд устоди варзидаи соҳа Сайёра Ахметова. Пардозгарӣ дар телевизиону кино ва театр хусусиятҳои хоси худро дорад, ки аз истифодаи дурусти рӯшноӣ ҳангоми наворбардорӣ сахт вобаста аст.

Зикр гардид, ки мутобиқи нақша чунин машғулияти омузишӣ бо дарсҳои амалӣ дар театр ва студияи телевизиони “Синамо” аз рӯи барнома то 9 апрел идома хоҳад ёфт.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.