Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар муқоиса ба гузашти низомии 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Дар баробари ширкати фаъолонаи низомиёни кишвар ва ҳайати заҳираҳои сафарбарӣ, инчунин техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпуши ҷангӣ, автомашинаҳои махсуси ҳарбӣ ва дигар намуди нақлиёти автомобилӣ, ки марбут ба қисмҳои низомӣ, захираҳои эҳтиётӣ ва воситаҳои моддӣ-техникии минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ маҳсуб меёбанд, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияҳо дар як вақт бо иштирокчиёни гузашти ҳарбӣ, ҳаракати намоишӣ доир намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.