Оғози сафари расмии Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Фаронса

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

13 октябр Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон меҳмони олимақом, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хоса ба ҷониби Фаронса изҳори сипос карда, қаноатмандии худро аз робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса, ки дар рӯҳияи эҳтирому назардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ инчунин ба ҳалли мушкилот вобаста ба пандемияи короновирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.

Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар азнавсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дода шуд.

Дар ин зимн ҳамчунин ба иштироки ҷониби Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии системаи бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шуд.

Дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.

Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Франсия омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.