Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.

Дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дар Шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд, баҳои баланд доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.