Оғози сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Муъминобод

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, мулоқот бо сокинону фаъолон ва иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.

Пешвои миллат дар ноҳияи Муъминобод корхонаи муштараки шарбатбарори, Парчами давлатӣ, осорхона ва комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ва 35 километр роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Кӯлоб-Муъминободро ба истифода доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯсту ташаббускор барои бунёди иншооти азими аграрию саноатӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд дардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аст, изҳори сипос карда, барои рушди фаъолияти меҳнатӣ ба онҳо барори кор орзу намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.