Оғози сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Балҷувон

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” рақами 75, майдони Парчаму Нишони давлатӣ, Варзишгоҳи марказӣ, инчунин тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро мавриди баҳрабардории умум қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.