Идомаи сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи чанде аз иншооти гуногуни хоҷагии халқ, изҳор дошт, ки ҷараёни чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ то анҷоми соли равон идома ёфта, ба тамоми сокинони ин минтақаи кӯҳистони кишвар барору комёбӣ ва зиндагии осоиштаро орзӯ намуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.