Оғози сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Дар шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат бинои дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро сазовори таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.