Оғози сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Левакант

27 октябр Пешвои миллат бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат дар шаҳри Левакант бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод», истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” ва бинои муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.