Оғози сафари кории Пешвои миллат дар Туркманистон

27 ноябр Пешвои миллат бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲӢ) вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар шаҳри Ашхобод Пешвои миллат дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.

Пешниҳод гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ин ду кишвар қарор гирад.

Пешвои миллат дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.