Оғози сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат нахуст аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошта, онро ифтитоҳ карданд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо Раҷаб», филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”, Боғи фарҳангӣ —  фароғати баъди навсозӣ ва варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.