Оғози сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Хуросон

29 октябр Пешвои миллат дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Пешвои миллат дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти, шуъбаи маориф, маркази ҷавонон, гулгашти Исмоили Сомонӣ, бинои маъмури ва майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Инчунин Пешвои миллат марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе — Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.