Оғози сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Темурмалик

21 октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат дар ноҳияи Темурмалик бинои муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бинои хуштарҳу замонавии кохи фарҳанг, ҳамчунин баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кӯдаконаи “Бону” ва як қатор корхонаҳои истеҳсоливу иншоотҳои замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.