Оғози сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи ҳадафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пурра таҷдиду навсозӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Инчунин, Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”, майдони Парчами давлатӣ, корхонаи дӯзандагӣ-адрасбофӣ, муассисаи томактабии хусусии “Оиша”, маҷмааи бузурги хизматрасонии сайëҳӣ ва меҳмонхонаи “Сайëҳон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкорро ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, масъулини ноҳияро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.