Оғози сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун инчунин, суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш — фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Пешвои миллат дар ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48, бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, Чойхонаи “Чилчанор”, Корхонаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро, мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода, инчунин ба фаъолияти коргоҳи коркард ва бандубасти асал оғози расмӣ бахшиданд.

Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватанамон дуою фотиҳаи нек карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.