Оғози сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Суғд

7-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизотҳои нав ифтитоҳ намуданд.

Инчунин, бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модари тоҷик бунёд карда шуда, дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.

Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар” ва бинои муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

 Баъди анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Бӯстон, Пешвои миллат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бинои навбунёди маркази саломатии деҳоти «Зарзамин», муассисаи томактабии «Зарзамин»,  мактаб — кӯдакистони «Махзани илм», бинои маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва  муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.