Оғози сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Хатлон

27 октябр Пешвои миллат бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат дар шаҳри Бохтар маркази перинаталии вилояти Хатлон, муассисаи ғайридавлатии таълимии «Макбати хусусии инноватсионӣ», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, коргоҳи мебелсозии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”, коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол”, маркази стоматологӣ ва бинои нави маркази тибби Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.