ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ ТОК-ШОУ БО ШИРКАТИ АЛЕКСЕЙ ЛЕМАЕВ АЗ РОССИЯ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулиятҳои омӯзишии “Асосҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу” бо ширкати мутахассиси ботаҷриба аз Федератсияи Россия барои кормандони шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ оғоз шуд.

Директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ зимни оғози машғулият оид ба моҳият ва аҳамияти жанри ток –шоу таъкид намуда, афзуд, ки тиқби барномаи рушди телевизион ва радио академия барои тайёр намудани мутахассисон дар самти барномаи ток-шоу машғулиятҳои омӯзишӣ – амалиро ба роҳ мемонад.

Машғулияти омӯзиширо мутахассиси бахши ток-шоу Алексей Лемаев аз Федератсияи Россия ва Баҳриддин Сайфиддинов аз Тоҷикистон мегузаронанд. Алексей Лемаев аз рӯзи аввали дарс оид ба таърих, моҳият ва аҳамияти барномаҳои ток-шоу дар шабакаҳои телевизионӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки ток-шоу яке аз барномаҳои муҳим барои ҷалби бинанда мебошад. Вай аз таърихи барномаҳои ток-шоу дар телевизионҳои Россия ёдовар шуда, таҷрибаи имрӯзаи телевизионҳои Россияро зикр намуд. Баҳриддин Сайфиддинов низ бо зикри мисолҳои мушаххас ва таҷрибаи корӣ моҳияти барномаҳои ток-шоу дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро ташреҳ кард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки жанри ток-шоу яке аз жанрҳои пурбинанда  буда, имрӯз фаъолияти шабакаҳои телевизиониро бидуни он тасаввур намудан ғайриимкон аст. Жанри ток-шоу махсусиятҳои хосси жанрӣ дорад ва бо ин далел дар аксари шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ аз он истифода мекунанд.

Барномаи ток-шоу дар шабакаҳои телевизионӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Дар гузашта барномаҳои пурбинандаи зиёде дар шабакаҳои телевизионӣ дар қолаби жанри ток-шоу таҳия мешуданд. Имрӯз низ  жанри ток -шоу мавриди таваҷҷуҳи хосси раҳбарияти шабакаҳои телевизонӣ қарор дорад ва зарурат ба миён омадааст, ки барои омода намудани мутахассисон дар ин бахш чораҳо андешида шавад.

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” тибқи нақша барои омода намудани мутахассисон дар ин бахш машғулиятҳои омӯзишӣ-амалиро ба роҳ хоҳад монд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.