ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИ СОҲАИ СИЁСӢ БАРОИ ХАБАРНИГОРОН

Дар “Академияи ВАО” –и Тоҷикистон машғулияти омӯзишии соҳаи сиёсӣ барои кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барои хабарнигорон ҷараён дорад. Мақсади омӯзиши соҳаи сиёсӣ фаро гирифтани усул ва шеваҳои инъикоси масоили сиёсӣ дар Воситаҳои ахбори омма мебошад.

Омӯзиши мазкурро мутахассиси бахши журналистикаи сиёсӣ, рӯзноманигори ботаҷриба Иброҳим Аҳмад мегузаронад. Мавсум дар ибтидои машғулияти омӯзишӣ назария, таърих ва унсурҳои муҳимми инъикоси масъалаҳои сиёсӣ дар ВАО –ро тавзеҳ дода, ба иштирокчиён роҳу усул ва шеваҳои муосири таҳияи барномаҳои сиёсӣ ва инъикоси мавзуъҳои сиёсиро фаҳмонд.

Иштирокчиён дар ҷараёни машғулият бо муҳимтарин масъалаҳои омӯзиши назариявии журналистикаи сиёсӣ шинос шуданд. Иброҳим Аҳмад бо зикри мисолҳо ва ёдоварии таҷрибаҳои фаъолият дар самти журналисткаи сиёсӣ зикр намуд, ки чӣ гуна бояд таҳияи барномаҳои сиёсӣ ва интихоби мавзуъҳои сиёсӣ ҳангоми таҳияи барномаҳо сурат бигирад.

Дар ҷараёни омӯзиш, ки тӯли ду ҳафта идома хоҳад дошт, иштирокчиён бо мавзуъ, масъала ва теорияҳои асосии журналистикаи сиёсӣ ошно мешаванд ва ин имкон фароҳам меоварад, ки дар ҷараёни таҳияи барномаҳои сиёсӣ ва навиштани мақолаҳои матбуотӣ ба шакли касбӣ фаъолият намоянд.

Тибқи барномаи тасдиқшуда “Академияи ВАО” –и Тоҷикистон, ки мақсади асосиаш такмили донишҳои назариявӣ ва амалии кормандони ВАО –и давлатӣ аст, бо гузаронидани машғулиятҳои омӯзишии соҳавӣ барои такмил ёфтани маҳоратҳои эҷодии журналистон шароит фароҳам меоварад. Чунин машғулиятҳои омӯзишӣ барои тақвияти маҳорати касбии журналистон василаи муҳимми такмилдиҳии маҳоратҳои касбӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки шева ва усули таҳияи барномаҳои сиёсӣ ва ё инъикоси масоили сиёсӣ дар ВАО яке аз масъалаҳои муҳим барои ВАО ва ҷомеа аст. Бинобар ин, мусаллаҳ шудани кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо донишҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки дар таҳияи барномаҳои сиёсӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд ва меъёрҳои асосии журналистикаи сиёсиро риоя намоянд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.