ОҒОЗИ ДАРСИ “РОБИТАИ МАРКАЗҲОИ МАТБУОТӢ БО ВАО”

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” 8 – уми ноябр дарси “Робитаи марказҳои матбуотӣ бо ВАО” оғоз гардид. Дар он кормандони хадамоти марказҳои матбуотӣ, шуъбаҳои иттилоот ва дигар шуъбаҳои вазорату кумита ва ниҳодҳои мақомоти маҳаллии кишвар ширкат доранд.

Суҳробшоҳи Фаррухшо, собиқадори соҳа, журналисти шинохта ба иштирокдорони дарс оид ба таърихи шаклгирӣ, вазифа, усули фаъолият, хусусият ва дигар паҳлуҳои муҳимми фаъолияти марказҳои матбуотӣ омӯзиш хоҳад гузаронд.

Номбурда дар рӯзи аввали дарс моҳият, аҳамият ва вазифаҳои хадамотҳои матбуотиро аз рӯйи назария ва бо мисол овардан аз таҷрибаи фаъолияти худ ба иштирокдорон шарҳ дод. Ба таъкиди ӯ, вуҷуди хадамот, марказ ё шуъбаҳои иттилоотӣ барои тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ муҳим ва боаҳамият аст, зеро фаъолияти онҳо муносибати халқ бо сохторҳои давлатро таъмин менамояд. Мавсум аҳамияти гузарондани нишастҳои матбуотӣ, брифингҳо, муаррифӣ ва таъмини робитаи ниҳодҳои давлатӣ бо ВАО – ро ташреҳ дода, такъид намуд, ки ин равиши фаъолият яке аз усулитарин вазифаи марказҳои матбуотӣ ба шумор меравад.

Дарси мазкур бо фарогирии назрия ва ташреҳи амалии фаъолияти кормандони марказ, хадамот ё шуъбаҳои матбуотӣ аз 8 – ум то 17 ноябр ҷараён хоҳад дошт.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.