Машғулияти омӯзишӣ таҳти унвони “Маҳорати аксбардорӣ”

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” таҳти унвони “Маҳорати аксбардорӣ” машғулияти навбатии омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ҷараёни машғулият иштирокчиён аз аксбардори соҳибтаҷриба Заур Дахте оид ба истифодаи дурусти дастгоҳҳои муосири суратгирӣ, интихоби нуқтаи лозима ҳангоми аксбардорӣ, истифодаи рушноӣ ва дигар нозукиҳои касби аккосӣ маълумот гирифтанд. Сипас, омӯзгор ба иштирокчиён супоришҳои амалӣ доданд. Дар курси бозомӯзӣ 10 нафар аксбардори нашрияю маҷалла ва агентиҳои иттилоотӣ иштирок доранд. Машғулият 3 рӯз идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.