ОМӮЗИШИ ВИЖАГИҲОИ АСОСИИ ТАСВИРБАРДОРӢ ВА РАВШАНИДИҲӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон машғулияти омӯзишии тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ оғоз гардид.

Қобили зикр аст, бо рушди технология ва рақамӣ шудани аксари таҷҳизоти пахши воситаҳои электронии ахбор зарурат ба миён омадааст, ки вижагиҳо, хусусиятҳои нави тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ омӯзиш дода шавад. Омӯзиши шева ва усулҳои нави кор бо воситаҳои навини технологӣ имкон медиҳад, ки сифати пахши барномаи шабакаҳои телевизионӣ беҳтар гардад.

Бидуни фарогирӣ ва омӯзиши касбии воситаҳои  электронӣ ба роҳ мондани кори босифати шабакаҳои телевизионӣ ғайримумкин ба назар мерасад. Бо ин далел, Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки ду ҷузъи муҳимми кори телевизион – тасвирбардорӣ ва равшанидиҳиро барои тасвирбардорон ва равшанидиҳандагони шабакаҳои телевизионӣ омӯзиш диҳад.

Дар машғулияти омӯзишии зикршуда вижагиҳои асосии тасвирбардорӣ, аз ҷумла сифати аълои тасвир, навъҳои тасвирбардорӣ, кор бо техникаи роиҷи тасвирбардорӣ ва аҳамияти равшанӣ дар тасвирбардорӣ омӯзиш дода мешавад.

Ба вуҷуд омадани технологияи нав, аз ҷумла рақамӣ шудани пахши телевизионӣ сабаб шуд, ки шабакаҳои телевизионӣ барои ҷалби аудитория аз василаҳои муосири тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ истифода кунанд. Зеро бо сифати баланд пахш шудани барномаҳо яке аз омилҳои муҳимми ҷалби аудитория барои аксари шабакаҳои телевизионӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, кормандони шабакаҳои телевизионӣ ба омӯзиш ва фарогирии равиш ва усулҳои нави тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ ниёз доранд.

Академия бо ҷалби мутахассиси ботаҷриба Рустам Очилдиев машғулиятҳои омӯзиширо дар ин самт ба роҳ монд. Рустам Очилдиев дар машғулияти омӯзишӣ оид ба шеваҳои нави тасвирбардорӣ ва аҳамияту ҷойгоҳи равшанидиҳӣ ҳангоми тасвирбардорӣ омӯзиш мегузаронад. Мавсуф бо истифода аз таҷрибаи гузашта ва методҳои нав шеваҳои муосири тасвирбардориро омӯзиш хоҳад дод.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.