Нишасти матбуотӣ

8-уми феврали соли 2022 дар толори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо ҳузури хабарнигорон баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид мухтасар доир ба фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар соли 2021 Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда, соли 2021-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Дар ин давра, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди давлатию миллиро ҳам ба таври мустақим ва ҳам дар шакли сабту танзим пахш намуд.

Давоми соли 2021 ду шабакаи нави телевизионӣ – “Илм ва табиат” ва “Шаҳнавоз” ҳамчун  муассисаи  алоҳида ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Сатҳи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021-ум 78,7% -ро ташкил дода, пахши шабакаҳои давлатии  радиоӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021 бошад, 88,6%-ро дар бар мегирад.

Соли 2021 бори нахуст кормандони Кумита дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, 5 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. 

Дар масъалаи такмили тахассус ва бозомӯзии ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии сохторҳои зикршуда бошад, соли гузашта дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз 20 машғулияти омўзишӣ гузаронида шуда, ба 185 нафар сертификат дода шуд. Аз ҷумла, 93 сертификат ба кормандони телевизион, 28 -то ба кормандони радио, 44-то ба кормандони нашрияҳо, 20-то ба кормандони техникии телевизион мебошад. Бо 22 нафар устодони соҳибтаҷриба шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамин тавр, зимни баёни афкори озод намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ оид ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти кумита ва сохторҳои он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.