Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 июли соли 2021 дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат, роҳбарияти сохторҳои Кумита ва доираи васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси Кумитаи телелвизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, бобати натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 мухтасар маълумот дод.

Раиси Кумита доир ба дастовардҳои соҳа сухан карда афзуд, ки 14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 августи соли 2020, №452 таъсис дода шуда буд, дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Барои таъмини телевизиони «Илм ва табиат» бо пахши HD фиристандаҳои рақамӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҳали Ташроботи вилояти Хатлон ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд насб карда шуд ва ҳоло фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизиони «Илм ва табиат» 51,2%-ро ташкил медиҳад. Айни замон барои татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Шаҳнавоз”, ки 30 июни соли 2021 ба тасвиб расиданд, аз ҷониби Кумита тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аснои нишасти матбуотӣ оид ба баргузории озмуни адабии “Эъҷози сухан” ва дар натиҷаи он таъсиси маҳфилҳои адабӣ дар назди Кумита иттилоъ дода шуд. Мувофиқи суханони Нуриддин Саид рўзҳои 30 май то 2 июни соли 2021 бори аввал дар Кумита озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рўйи номинатсияҳои  “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баргузор гардид, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио ширкат варзида, 2 нафар ҷойҳои якум, 4 нафар ҷойҳои дуюм ва 6 нафар ҷойҳои сеюмро соҳиб шуда, ғолибон мутаносибан сазовори диплом, 10, 7 ва 5 ҳазор сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 нафар соҳиби 78 ҳазор сомонӣ) гаштанд. Инчунин, 15 нафар барои иштироки фаъолона соҳиби сипоснома ва 1000 сомонӣ (дар маҷмўъ, 15 ҳазор сомонӣ) шуданд ва ба 24 нафари дигар ба ҳар яке 500 сомонӣ (дар маҷмўъ, 12 ҳазор сомонӣ) ва китоби “Расонаи зиндагӣ” тақдим гардид. Дар заминаи озмунҳои “Эъҷози сухан” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумита маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дўстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дўстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардида, низомномаҳои онҳо таҳия ва бо фармоиши раиси Кумита аз 23.06.2021, №32, тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин илова карда шуд, ки кумита ба масъалаи такмили тахассусу малакаи кормандон низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Дар Академияи ВАО Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ, такмили тахассуси кормандон пайваста ташкилу гузаронида мешавад, ки ба ин машғулиятҳо олимон мутахассисони варзидаи соҳа дар самтҳои гуногуни журналистика ҷалб карда мешаванд. Мувофиқи суханони раиси кумита дар курсҳои мазкур кормандони, натанҳо муассисаҳои телевизонию радиоии давлатӣ, балки хусусӣ низ метавонанд малакаи худро такмил бахшанд. Барои ин дар Академияи ВАО тамоми шароити лозима мавҷуд аст.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони ВАО оид ба дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти кумита низ дахл карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.