Нақши коргардон дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ

Санаи 2-юми августи соли равон дар Муассисаи  давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”, машғулияти омӯзишӣ барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ дар мавзӯи “Нақши коргардон дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ” оғоз шуд. Мутобиқи нақшаи кории “Академияи ВАО” машғулияти омӯзишӣ аз 2-юми август шуруъ гардида то 13-уми августи соли 2021 ҳамарӯза аз соати 900 то 1200 дар толори китобхонаи Академия баргузор мегардад. Машғулияти навбатиро Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, коргардон, корманди собиқадори телевизион ва кино, дорандаи чандин сертификатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Ҳалим Сангин  таълим медиҳад. Тибқи нақша соатҳои дарсӣ тариқи назариявию амалӣ, тамошои порчаҳо вобаста ба мавзӯъ ва ҳамчунин дар шакли мубоҳисавӣ тақсим шудаанд, ки иштирокдорон аз рафти машғулият изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар назар аст, ки чунин машғулиятҳои омӯзишӣ низ бо мутахассисону коршиносони соҳа гузаронида хоҳад шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.