Назарсанҷӣ дар Раштонзамин

Бо мақсади  муайян  намудани  вазъи  кунунии  сатҳи  фарогирии  шабакаҳо телевизиону радио матбуоти  даврӣ ва оҷонсиҳои  иттилоотӣ ҳайати  гурӯҳи  кории Академияи  ВАО – Тоҷикистон  дар  ноҳияҳои минтақаи  Рашт  қарор доранд.

Дар кӯчаю бозор,  муассисаҳои фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти иҷроия ва дигар  сохторҳо дидору вохӯриҳо  гузаронида шуда, андеша ва  назари мардум  тариқи  саволномаҳо пурсида  шуд.

Ҳолати  мавҷуда  собит намуд, ки  сатҳи  фарогирии  барномаҳои  телевизионӣ  дар  ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лашх, Сангвор ва Нуробод ба  таври  зарурӣ дастрас буда, қисми  аз  ин  сокинони ноҳияҳо аз  дастнорасии  барномаҳои  радиоӣ ва  матбуоти  даврӣ  изҳори  норозигӣ баён  намуданд.

Ҳамин тариқ,  дар назарсанҷӣ ҳар як нафар сокинон  фикри худро оид ба фаъолияти радио, телевизион, нашрия ва оҷонсиҳои иттилоотӣ озодона баён карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.