Назарсанҷӣ дар Бадахшон

Гурӯҳи  кории муассисаи  давлатии “Академияи  ВАО – и Тоҷикистон”  бо мақсади  муайян намудани  вазъи  кунунии  сатҳи  фарогирии  шабакаҳои  телевизиониву радио, матбуоти даврӣ ва оҷонсиҳои  иттилоотӣ аз 18 –ум то  27 – уми октябри соли равон дар қисме аз шаҳру ноҳияҳои  Вилояти  Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қарор  доштанд.

Дар  кӯчаю бозор, муассисаҳои фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти  иҷроия ва  дигар  сохторҳо  вохӯриҳо гузаронида  шуда, андеша ва  назари  мардум  тариқи  саволномаҳо  пурсида  шуд.

Ҳолати  мавҷуда  собит намуд, ки  сатҳи  фарогирии  барномаҳои  телевизионӣ  дар  ноҳияҳои  Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқала ва  шаҳри Хорӯғ  гуногун  буда, сокинон  аз  нокифоя будани  мавҷҳои  телевизионӣ  ва  барномаҳои  радиоӣ норозигӣ баён  намуданд. Инчунин  шароити  модди – техникии телевизиони Бадахшон ба талаботи замон ҷавобгӯй набуда,   бошандагони  ин  ноҳияҳо аз  дастнорасии мавҷи  барномаҳои  радиоии кишвар ва  инчунин аз норасоии нуқтаҳои фурӯши матбуоти  даврӣ изҳори  норозигӣ  намуданд.

Ҳамин  тариқ,  дар  назарсанҷӣ  сокинон  фикру андешаҳои   худро  оид  ба  фаъолияти ҳамаи  шакли воситаҳои ахбори  омма баён  карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.