НАБАРДҲО, МАҚСАДҲО ВА МАНФИАТҲО

Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз тарҷумаи истилоҳи забони англисӣ “information and psychological warfare”  буда, ҳамчун “муқовимати иттилоотӣ” ё “ҷанги иттилоотӣ – психологӣ” тарҷума мешавад. Он расман дар ҷое қайд нашудааст.

       Агар мо ба замони ҳозира назар андозем, асри 21 худаш асри иттилоот аст. Дастрасии мардум ба фазои иттилоот  хеле осонгузор шудааст. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, ҷанги иттилоотӣ ин ҷангест, ки инсон аз ягон силоҳ бомб ё яроқ истифода намекунад, фақат иттилооте, ки ба воситааш мехоҳад ба ҳадаф расад, онро тариқи шабакаҳои интернетӣ пахш мекунад. Ин иттилоот чӣ гуна аст? Дурӯғ, фиреб, найранг, ки дар қолаби  адолат  пешкаши омма мегардад. Бо ҳамин восита ба мағзшӯии ҷавонону инсонҳое, ки қобилияти даркунияшон заиф аст, сар мекунанд. Мисол, дур намеравем, ҷанги Сурия, ки ба востаи иттилооти бардурӯғ, дар пояи ваъдаи маблағи хуб, идеологияи мафтункунандаи динӣ ҷавонон аз баҳри падар, модар, зан, фарзанд гузашта, фирефтаи ин гуна ваъдаҳо ба бозии сиёсии бузург ворид шуданд.

   Дар замони муосир ҳамаи дунё аз интернет истифода мебарад, вале ҷанги иттилоотиро кишварҳои абарқудрат роҳандозӣ мекунанд. Чи хеле ки инсон ба бозие андармон шуда, қимор мебозад, онҳо низ бо давлатҳои камқудрат чунин бозӣ мекунанд, ба мисли Афғонистони ҳамсоя. Кишварҳои абарқудрат барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ аз чунин роҳҳои беинсофона истифода мекунанд. Ҳадафҳояшон гуногун аст, онҳо бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ сиёҳкунии кишварҳои рақиб ва шарҳу эзоҳи ҳодисаҳои мухолиф, ба манфиати худ ҷалб намудани афкори омма, барои нишон додани тарафдорӣ ва пуштибонии бардурӯғ баъзе кишварҳои хурдро  ба коми ҷанг тела медиҳанд.

    Тахминан дар дунё баъд аз ду ё се соли дигар умуман ба силоҳ даст намезанад, ҳамаи чиз иттилоот шуд ва кадом мамолике иттилооти ҷолиб, фаврӣ, ва бисёрро пахш намояд, даст боло  мешавад. Ҷанги аслӣ бо яроқ аввалу охир дорад, вале ҷанги иттилоотӣ аввал дораду охир не, аз ин сабаб, инро ҷанги тамомнашаванда мегӯянд. Ҷанги иттилоотӣ на фақат дар вақти нобасарусомониҳо авҷ мегирад, балки дар вақти оромӣ низ дар авҷу хурӯш аст. Дар ҷанги иттилоотӣ душман худро рӯирост нишон намедиҳад, вай фақат аз паси парда ивғоангезӣ мекунад, ҳатто дар байни омма мегардаду дурӯғҳои дилкашу ваъдаҳои  пучу дилфиреб дар сари одамон ҷо мекунад.

Бинобар ин ҷавонон бояд ки қурбони чунин бозиҳои хафнок  нашаванд, манбаъҳои иттилоотро тафтиш намоянд, маводҳои хабариро бештар аз телевизионҳо тамошо кунанд, сомонаҳои воқеиро аз сомонаҳои фейкӣ фарқ кунанд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ камтар эътимод кунанд ва аз ақли солим кор бигиранд.

Судобаи Миршакар корманди Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.