МУСОҲИБА БО САФИРИ ҶТ ДАР КУВЕЙТ

СУҲБАТЕ ДОШТЕМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУВЕЙТ ЗУБАЙДУЛЛО ЗУБАЙДОВ ТАРИҚИ ВАТСАП.

Суоли нахуст. Ин тасмими сафорат аз куҷо сарчашма мегирад?

– Ба таваҷҷуҳ расонида мешавад, ки бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 25 июли 2022 марҳилаи якуми амалиёти баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз урдугоҳҳои ал-Ҳол ва Роҷи Ҷумҳурии Арабии Сурия, ки зери назорати Нерӯҳои демократии Сурия (курдҳо) мебошад бо муваффақият амалӣ гардид.

Чанд нафар баргардонда шуд ва синну солашон?

– 146 нафар шаҳрвандони тоҷик аз ҷумла 104 нафар кӯдакону наврасони аз 2 сола то 18 ва 42 зан тавассути парвози чартерии мустақим аз Cурия ба Ватан баргардонида шуданд. Ин руйдоди муҳим дар васоити ахбори оммаи кишвар ба таври васеъ инъикос ёфт.

Гуфтушунидҳо пештар буданд? Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастур дрда шуда буд?

– Боиси зикр аст, ки баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонии ҳайати гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва доираҳои дахлдори ин кишвар масъалаи баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан ҳалли худро ёфт.
Вобаста ба татбиқи ин рисолати муҳим Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргардони шаҳрвандони тоҷик аз Сурия ба Ватан тартиб дода шуда он аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида буд.

Чуноне маълум шуд, ин минтақаҳо зери тобеияти курдҳо ҳастанд. Онҳо монеа нашуданд?

– Бале, ин лагерҳо дар минтақаи курднишинанд. Не, баръакс курдҳо хеле дастгирӣ ва кӯмак карданд, то ин кӯдакони бегуноҳ ва занони мазлуму гумроҳшуда ба Ватан баргарданд. Худи ҳамон рӯз дар баёнияе ба ВАО аз мардуми курд изҳори миннатдорӣ кардем.

Воқеан, ин занҳо чӣ гуна ба ин майдони ҷанг афтоданд?
– Баъзеашон тавассути муҳоҷирати корӣ аз Русия бо роҳи ба даст овардани маблағ ба он ҷо бурда шудаанд. Ҳатто намедонанд, ки чӣ гуна ба он ҷо афтодаанд. Чеҳраашон ғамгин, нигоҳҳои пурумед аст, сахт пушаймон шудаанд. Ягона умедашон Пешвои миллати тоҷикон аст. Ҳар касе ба ин ҷо раваду ин ҳолати зорро бинад, то як моҳ ба худ омада наметавонад, як даҳшат он ҷо.

Оё боз шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқ ҳастанд? Чӣ нақшаҳо ҳаст?

– Бале ҳастанд, миқдорашон ба касе маълум нест. Оморе нест. Вале гурӯҳи корӣ ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвондони боқимондаи тоҷик аз урдугоҳҳои ал-Ҳол ва Роҷи Сурия ба Ватан марҳилаи навбатиро дар наздиктарин фурсат оғоз менамояд.

Зинда бошед!

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.