Мулоқоти Эмомали Раҳмон бо сарони кишварҳои аъзо!

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Козакро,  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев,  Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин зимн оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.